Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ситоди доимоамалкунада оид ба назорати саломатии мусофирон таъсис дода шудаст
ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба хуруҷи бемории COVID-19 дар бархе кишварҳои минтақа дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тадбирҳои назоратии пешгирикунанда андешида шуда, ҷиҳати назорати вазъи саломатии мусофирон ситоди доимоамалкунада фаъолият менамояд. Чунин гуфт директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Мавриди зикр аст, ки дар фурудгоҳҳои бархе аз давлатҳои минтақа, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон чораҳои пешгирикунанда шадидтар карда шудаанд.
Бо дахли фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Дилшод Сафарзода афзуд, ки дар ин давра фурудгоҳ ба 731 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 398,3 ҳазор мусофир ё 2,2 маротиба зиёд аст. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабул ва интиқолгардида беш аз 962 тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 432 тонна ё аз 81 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин дар ин давра Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қариб дар 2800 хатсайр хизмат расонидааст, ки аз он 2415 адад хатсайри мунтазам ва 377 адад хатсайри номунтазам мебошанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






