Дар Муъминобод ҳосил фаровон буда, коркарди мева ривоҷ меёбад

Июль 5, 2022 16:21

МУЪМИНОБОД, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Муъминобод бештар ба соҳаи боғу токпарварӣ машғул буда, ҳамасола боғҳои нав бунёд менамоянд. Дар ноҳия садҳо гектар боғ мавҷуд буда, дар онҳо себ, зардолу, олуча, гелос, шафтолу, нок ва дигар навъҳои мевагӣ парвариш меёбанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Имсол ҳосилнокии меваҳо нисбат ба солҳои қабли ду баробар афзуда, дар бозор ва мағозаҳо бо нархи нисбатан арзон ба фурўш бароварда шуданд. Масалан, нархи 1 кг гелос аз 13 сомонӣ ба 5 сомонӣ, нархи 1 кг олу аз 8 сомонӣ ба 2,5 сомонӣ, 1 кг зардолу аз 4 сомонӣ ба 2 сомонӣ поин фаромад, ки аҳолии ноҳия тавонистанд бемамоният аз ин меваҳо истифода бурда, консерваҳои  хонагӣ тайёр намоянд.

Хоҷагии деҳқонии «Абдуқаҳор» дар майдони 4 гектар боғ бунёд намудааст. Деҳқонон дар байни қатори дарахтон юнучқа корида, онро дарав мекунанд ва барои чорвои хоҷагиашон захира менамоянд.

Роҳбари хоҷагии мазкур Шамсиддин Маҷидов иттилоъ дод, ки имсол дар ноҳияи Муъминобод мева хеле фаровон буда, онҳо бо корхонаҳои коркарди мева шартнома бастаанд. Яке аз онҳо корхонаи коркарди меваю сабзавот ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии холиси ҶДММ «Заркорон» мебошад, ки соли 2019 бо иштироки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

Айни замон корхона дар се баст фаъолият дошта, меваю сабзавоти кишоварзонро коркард ва банду баст менамояд. Ҳоло дар ин сех аз меваҳои шаҳдбори маҳаллӣ нўшобаю афшура ва дигар намуди консерваҳо истеҳсол карда мешавад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2022 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд