Дар ноҳияи Ашт дар мавзуи «Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ» мулоқоти маҷозӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар вохӯрии маҷозии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.
Мулоқоти онлайнӣ дар мавзуи «Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ» баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия доир ба имкониятҳои иқтисодии ноҳияи Ашт ва имтиёзҳо барои маблағгузорони хориҷӣ маълумот дод.
Ҳамчунин дар мулоқот роҳбарияти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитамен, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа ва дигар шахсони масъул ширкат варзида, вобаста ба мавзуи баррасишуда андешаҳои худро иброз намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд






