Дар ноҳияи Ашт дар мавзуи «Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ» мулоқоти маҷозӣ баргузор гардид

Июль 7, 2022 14:33

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар вохӯрии маҷозии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.

Мулоқоти онлайнӣ дар мавзуи «Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ» баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия доир ба имкониятҳои иқтисодии ноҳияи Ашт ва имтиёзҳо барои маблағгузорони хориҷӣ маълумот дод.

Ҳамчунин дар мулоқот роҳбарияти шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитамен, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқа ва дигар шахсони масъул ширкат варзида, вобаста ба мавзуи баррасишуда андешаҳои худро иброз намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Июль 7, 2022 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид