Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо беш аз 1 миллион доллар сармояи соҳибкорони узбек гармхонаи замонавӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо беш аз 1 миллион доллар сармояи соҳибкорони узбек дар хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавӣ сохта мешавад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор аз Узбекистон Назирҷон Қодиров баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки ин хоҷагии деҳқонӣ соли 2014 таъсис ёфта, наздики 5 гектар заминро дар ихтиёр дорад.
Раиси вилоят аз ташаббуси неки тарафҳо изҳори хушнудӣ намуда, барои амалишавии лоиҳа тавсияҳо дод.
Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни соҳибкорони тоҷику узбек изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти ҳамкориро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки доираҳои тиҷоратии ду тараф дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла кишоварзӣ ҳамкории мутақобилан судманд дошта, умед аст, ки дар оянда тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар оянда низ аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкорӣ истифода мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд






