Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо беш аз 1 миллион доллар сармояи соҳибкорони узбек гармхонаи замонавӣ сохта мешавад

Июль 1, 2022 10:52

ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо беш аз 1 миллион доллар сармояи соҳибкорони узбек дар хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавӣ сохта мешавад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор аз Узбекистон Назирҷон Қодиров баррасӣ шуд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки ин хоҷагии деҳқонӣ соли 2014 таъсис ёфта, наздики 5 гектар заминро дар ихтиёр дорад.

Раиси вилоят аз ташаббуси неки тарафҳо изҳори хушнудӣ намуда, барои амалишавии лоиҳа тавсияҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода аснои суҳбат аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни соҳибкорони тоҷику узбек изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти ҳамкориро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки доираҳои тиҷоратии ду тараф дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла кишоварзӣ ҳамкории мутақобилан судманд дошта, умед аст, ки дар оянда тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар оянда низ аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкорӣ истифода мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 1, 2022 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад