Дар ноҳияи Варзоб дар чор сол 13 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд

Июль 23, 2022 11:17

ВАРЗОБ, 23.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сокинону соҳибкорон ва кормандони  ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Варзоб ҷиҳати  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони 158 иншоотро ба нақша гирифтаанд. Дар айни замон сохтмони 30 адад иншооти ҷашнӣ идома дошта, сохтмони 7 иншоот дар арафаи анҷомёбист. Ҳамзамон дар доираи эълони Солҳои рушди саноат дар ноҳияи Варзоб бунёди 13 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора 21 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки  дар ноҳияи Варзоб вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ 1000 адад минтақаҳои истироҳатӣ  ба қайд гирифта шудаанд. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти дигар иншооти сайёҳӣ доимӣ мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли равон 81 ҳазору 388 нафар сайёҳони дохилӣ ва 4 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб боздид намудаанд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2022 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа