Дар ноҳияи Варзоб дар чор сол 13 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд
ВАРЗОБ, 23.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоотро ба нақша гирифтаанд. Дар айни замон сохтмони 30 адад иншооти ҷашнӣ идома дошта, сохтмони 7 иншоот дар арафаи анҷомёбист. Ҳамзамон дар доираи эълони Солҳои рушди саноат дар ноҳияи Варзоб бунёди 13 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора 21 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар ноҳияи Варзоб вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ 1000 адад минтақаҳои истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти дигар иншооти сайёҳӣ доимӣ мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли равон 81 ҳазору 388 нафар сайёҳони дохилӣ ва 4 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб боздид намудаанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,9 миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






