Дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари фаъолияти Кумитаи рушди маҳал қарор дорад
ДУШАНБЕ, 13.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамои неруи корӣ ва имкониятҳоро баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда, дар ин самт корҳои зиёди ободониву созандагиро ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, корҳои таъмири роҳ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини тозагии муҳит, сабзазоркунии маҳал, ҷалби соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ ба созандагӣ ва дар маҷмӯъ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа бомаром идома доранд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода баён намуд.
«Ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби Кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд»,-илова кард Кумитаи рушди маҳал.
Дар нишасти хабарии ин ниҳод оид ба дигар паҳлуҳои фаъолияти Кумита дар шаш моҳи соли равон иттилоъ дода шуда, аз ҷумла гуфта шуд, ки бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шудаанд.
Ҳамзамон Кумита тӯли ин муддат фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ВМКБ–ро вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худфаъолиятии ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






