Дар шаш моҳ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба маблағи 247 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Июль 20, 2022 16:20

ДУШАНБЕ, 20.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар шашмоҳаи аввали соли 2022 бо шумули бахши ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 247,0 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд.  Дар ин бора  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳаҷми маҳсулоти аз анбор ба фурӯш бароварда ба 217,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 88,1 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дарбар мегирад.

Баҳри ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани занону духтарон аз ҷониби мақомоти ноҳия корбарӣ идома дошта, дар муҳити хонаводагии шаҳраку маҳаллаҳо 250 маҳфили омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, бофандагӣ, курпадӯзӣ, тоқидӯзӣ, попурзанӣ, қуроқдӯзӣ, танӯрсозӣ, табақтарошӣ ва нонпазӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо занону ҷавонони зиёде ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шудаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2022 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад