Дар шаш моҳи соли 2022 дар Кӯлоб ба 1 522 нафар хизмати тиббии ройгон расонида шудааст
КӮЛОБ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар шаҳри Кӯлоб кормандони шуъбаи Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ва раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Зимни пешниҳоди ҳисоботи шуъбаи Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ва раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб зикр шуд, ки дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб 38 муассисаи тандурустӣ фаъолият намуда, дар ин давра ба 1 ҳазору 522 нафар ба маблағи 56 ҳазору 759 сомонӣ хизмати тиббии ройгон расонида шудааст.
Дар нишаст зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли 2022 аз тарафи мутахассисони самти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 27 муассисаи тандурустӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки аз ин микдор 12 адад санҷиши нақшавӣ ва 15 адад санҷиши ғайринақшавӣ мебошанд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра дар самти фаъолияти фармасевтӣ низ корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






