Дар Швейтсария масъалаи барқарор намудани намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зарурати роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи «Механизми васеи қарздиҳӣ» аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), барқарор намудани намояндагии доимии Хазина дар Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва ислоҳотҳо нақши ҳамоҳангсозро иҷро мекунад, дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Директори ХБА хонум Кристалина Георгиева дар доираи баргузории ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати ХБА дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеаи ҳамкории оянда изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Мавсуф омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои муколамаи озод ва ҳамкорӣ баён намуда, ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар соли 2026 дар Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати ХБА аз 3 то 6 июл дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария идома дошта, дар он ҳайати расмии Тоҷикистон бо шумули Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода ва намояндаи ҷумҳурӣ дар БҶ ва ХБА Илҳом Раҷабов иштирок дорад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд






