Дар Швейтсария масъалаи барқарор намудани намояндагии доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Июль 5, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зарурати роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи «Механизми васеи  қарздиҳӣ» аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), барқарор намудани намояндагии доимии Хазина дар Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва ислоҳотҳо нақши  ҳамоҳангсозро иҷро мекунад, дар  мулоқоти  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Ҳоким Холиқзода  бо Директори ХБА  хонум Кристалина Георгиева дар доираи баргузории ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи  Электорати ХБА  дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария баррасӣ шуд. Дар  ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеаи ҳамкории оянда изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Мавсуф омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои муколамаи озод ва ҳамкорӣ баён намуда, ҷиҳати баргузории ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар соли 2026 дар Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати ХБА аз 3 то 6 июл дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария идома дошта, дар он ҳайати расмии Тоҷикистон бо шумули Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода,  Раиси Бонки миллӣ  Ҳоким Холиқзода ва намояндаи ҷумҳурӣ дар БҶ ва ХБА Илҳом Раҷабов иштирок дорад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 5, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1242 сомонӣ муқаррар шудааст
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид