Дар Швейтсария дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон арзёбӣ гардиданд

Июль 18, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария бо сардори бахши ҳуқуқи инсони Котиботи давлатии Вазорати корхои хориҷии  Швейтсария хонум Жани Пияжет мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Умед Бобозода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон арзёбӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Ҷонибҳо ҳамзамон масоили вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ва тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин анҷом додани мулоқоту суҳбатҳои судманд бо масъулини соҳаи ҳуқуқи инсони Конфедератсияи Швейтсария бо сафари корӣ дар ин давлат қарор дорад. 

 

АКС: Хадамоти матбуоти ВҲИ

Июль 18, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд