Дар Швейтсария тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ муаррифӣ шуданд

Июль 6, 2022 15:54

ДУШАНБЕ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи  Электорати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) нишасти асосии Гурӯҳи Электорат баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Нишасти мазкурро раиси Шӯрои мудирон ва ҳамзамон раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан, директори ХБА хонум Кристалина Георгиева, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Гурӯҳи Электорат ва ҳозирин бештар дар атрофи омилҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва таъсири онҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ, низоми молиявӣ ва тиҷорат, рушди устувор, беҳтар кардани сатҳи накуаҳволии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳозирин ҳамзамон масоили таъсири кишварҳои ҷудогона ба иқтисоди ҷаҳонӣ, интизориҳои таваррумӣ ва роҳҳои пешгирӣ кардани хавфҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар нишасти Гурӯҳи Электорати ХБА Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир ба вазъи иқтисодӣ ва низоми бонкӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ,  таъсири омилҳои беруна ба устувории молиявӣ ва низоми бонкӣ, лаппишҳои қурбӣ ва хавфҳои асъорӣ сухан намуд.

Ҳоким Холиқзода Гурӯҳи Электоратро барои ҳамкории самаранок ва дастгирии кишварҳои узви Электорат миннатдорӣ намуда, изҳори умед намуд, ки мулоқоти мазкур барои тақвияти ҳамкории судманди тарафайн такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Мавсуф  аз Гурӯҳи Электорат барои доир кардани Ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард.

Гурӯҳи Электорати ХБА имсол 30-солагии худро таҷлил мекунад. Чун қоида, аъзои Гурӯҳи Электорати Бреттон Вудси Швейтсария ҳар ду сол берун аз ҷаласаҳои муқаррарии мудирони ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ дар як кишвари ҳавза ҷамъ меоянд. Дар баробари Швейтсария  ба ин гурӯҳ Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомил мебошанд.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 6, 2022 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2404 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст