Дар соҳили дарёи Сурхоб барои муҳоҷирони экологӣ ва ниёзмандон 60 манзили истиқоматӣ, мактаб ва бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад

Июль 26, 2022 09:05

ТОҶИКОБОД, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ташкилоти хайриявии «Тоҷикистон» бунёди 60 манзили истиқоматӣ, мактаб ва бунгоҳи тиббӣ дар соҳили дарёи Сурхоб барои муҳоҷирони экологӣ ва ниёзмандон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора  Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ  ибрози назар намуд.

Қадриддин Фақерзода гуфт, ки дар назар аст ташкилоти байналмилалии «Каритас» шабакаи гармидиҳии меҳмонхонаи маркази ноҳияро бунёд намуда, онро таъмири пурра намояд. Ҳамчунин аз ҳисоби ҳамин ташкилот маркази ноҳия бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуда,  мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ бартараф мегардад.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ  дар ноҳияи Тоҷикобод  майдони кишти картошка нисбат ба соли сипаришуда 145 гектар зиёд карда шуд, ки ин дастоварди назарраси кишоварзон дар мавсими кишти имсола мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия майдони картошказор ба  2067 гектар расонида шуд, ки 911 гектари он ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Майдони ғаллазор аз ҳисоби кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ 1141 гектарро ташкил дода, кишоварзон инчунин дар майдони 150 гектар сабзавот ва дар 84 гектар зироати техникӣ кишт намудаанд.

 Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2022 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд