Дар соҳили дарёи Сурхоб барои муҳоҷирони экологӣ ва ниёзмандон 60 манзили истиқоматӣ, мактаб ва бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад
ТОҶИКОБОД, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ташкилоти хайриявии «Тоҷикистон» бунёди 60 манзили истиқоматӣ, мактаб ва бунгоҳи тиббӣ дар соҳили дарёи Сурхоб барои муҳоҷирони экологӣ ва ниёзмандон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.
Қадриддин Фақерзода гуфт, ки дар назар аст ташкилоти байналмилалии «Каритас» шабакаи гармидиҳии меҳмонхонаи маркази ноҳияро бунёд намуда, онро таъмири пурра намояд. Ҳамчунин аз ҳисоби ҳамин ташкилот маркази ноҳия бо оби нӯшокӣ пурра таъмин шуда, мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ бартараф мегардад.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳияи Тоҷикобод майдони кишти картошка нисбат ба соли сипаришуда 145 гектар зиёд карда шуд, ки ин дастоварди назарраси кишоварзон дар мавсими кишти имсола мебошад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия майдони картошказор ба 2067 гектар расонида шуд, ки 911 гектари он ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Майдони ғаллазор аз ҳисоби кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ 1141 гектарро ташкил дода, кишоварзон инчунин дар майдони 150 гектар сабзавот ва дар 84 гектар зироати техникӣ кишт намудаанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






