Дар Солҳои рушди саноат дар шаҳри Турсунзода 23 корхонаи саноатию истеҳсолӣ бунёд мегарданд
ТУРСУНЗОДА, 21.02.2022 /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар шаҳри Турсунзода 23 адад корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ бунёд мегарданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.
Мавсуф гуфт, ки «шаҳри Турсунзода шаҳри саноатию аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 485,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 миллион сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 292 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 миллион сомонӣ зиёд аст».
Зикр гардид, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ бунёди 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар шаш моҳи соли равон 33 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зиёда аз 21 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, то охири соли равон боз 40 км роҳҳои шаҳр таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 км дигар таъмири ҷорӣ карда мешаванд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад






