Дар Солҳои рушди саноат дар шаҳри Турсунзода 23 корхонаи саноатию истеҳсолӣ бунёд мегарданд

Июль 21, 2022 13:37

ТУРСУНЗОДА, 21.02.2022 /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани  солҳои 2022-2026 дар шаҳри Турсунзода 23 адад корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ бунёд мегарданд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.

Мавсуф гуфт, ки «шаҳри Турсунзода шаҳри саноатию аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 485,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 миллион сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 292 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 миллион сомонӣ зиёд аст».

Зикр гардид, ки барои  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ бунёди 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар шаш моҳи соли равон  33 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зиёда аз 21 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда,  то охири соли равон боз 40 км роҳҳои шаҳр таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 км дигар таъмири ҷорӣ карда мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2022 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд
Ширкати олмонии «Тrutzschler spinning» дар вилояти Хатлон корхонаи ресандагӣ бунёд менамояд
Дар Исфара зимни банду басти меваи хушк ва маҳсулоти қаннодӣ аз усулҳои нав истифода мебаранд
Соли 2024 дар Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад
Дар қитъаи таҷрибавии Институти биологии «Помир» гармхонаи нави парвариши гулу буттаҳои ороишӣ бунёд мегардад
Дар Ҷайҳун ду корхонаи коркарди лимӯ бунёд мешавад
Дар коргоҳи дӯзандагии «Кимхо»-и ноҳияи Ишкошим дар оянда либоси мактабӣ дӯхта мешавад
Дар шаҳри Левакант корхонаи муштараки дӯзандагӣ бо фарогирии 500 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Дар Суғд корхонаҳои муштарак бо Узбекистон оид ба парвариш ва коркарди заъфарон таъсис меёбанд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Душанбе 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То соли 2026 дар ноҳияи Сино 24 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад