Дар Суғд маҷмӯаҳои нахустини ашъори панҷ нафар шоирони ҷавон ба нашр расиданд

Июль 28, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷмӯаҳои нахустини ашъори панҷ нафар шоирони ҷавон аз чоп баромаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд марҳалаи ҷумҳуриявии Машварати омӯзишии адибони ҷавон барпо гардид. Зимни он Раиси вилоят иброз намуд, ки китобҳои иштироккунандагонеро, ки аз ҷониби устодон баҳои баланд мегиранд, ба чоп мерасонад.

Пас аз чанд муддат ин иқдоми Раиси вилоят амалӣ гардида, китобҳои шоирони ҷавон Шаҳнози Шаҳнавоз, Хуршед Эҳсон, Абдуманнони Хаммор, Шаҳриёр Олимӣ ва Нурӣ Муҳаммади Истам таҳти рубрикаи «Аз силсилаи «Шукуфаҳои истиқлол» ба чоп расиданд.

Тибқи иттилои котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Раҳматзод, айни замон дар нашриёти «Хуросон» маҷмӯаҳои дастҷамъии назмӣ ва насрии иштироккунандагони дигари машварат дар ҳоли нашр қарор доранд ва дар назар аст, ки то  ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ин китобҳо низ ба дасти хонандагон расанд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои мазкур ва китобҳои боқимондаеро, ки ҳоло омодаи чопанд, охири моҳи август ба нақша гирифтааст.

 АКС аз манбаъҳои боз

Июль 28, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид