ДАР УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Ҳунармандони вилояти Фарғонаи Узбекистон ба шаҳри Бӯстони Тоҷикистон ташриф оварданд

Июль 23, 2022 11:03

СУҒД, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл ҳайати ҳунармандони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон иттилоъ дода шуд.

Меҳмононро муовини Раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» истиқбол гирифтанд.

Зимни боздид ҳайати намояндагон аз фаъолияти корхонаи заргарии «Зари Суғд»-и назди корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон», ки 8 феврали соли равон пас аз таъмиру навсозӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, аз наздик шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи заргарии «Зари Суғд» истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлӣ роҳандозӣ шуда, инчунин аз сангҳои ороишӣ омода намудани туҳфаву армуғонҳо ба роҳ монда шудааст.


Меҳмонон бо ҷараёни кор ва намудҳои беҳтарини маҳсулоти истеҳсолшуда шинос шуда, ба сифати он баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои қарини Тоҷикистон ва Узбекистон намунаи олии дӯстиву бародарӣ ва ҳамсоядорӣ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду мамлакати ҳамсоя ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Узбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон

Июль 23, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд