Дар Восеъ чиҳати пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи оқилонаи замин гурўҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд
ВОСЕЪ, 06.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва бардошти ду-се ҳосил дар як мавсим гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Гурӯҳҳои корӣ бо кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ҷамоат барои гузаронидани кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбату вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо тавсияҳои муфид медиҳанд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» раиси Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов Ҳошим Хоҷаев иттилоъ дод, деҳқонони ин ҷамоат имрӯзҳо ғалладонагиҳоро дарав карда, маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла картошкаю пиёзро ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳоло барои чорво хӯроки дурушт омода карда истодаанд. Ба ин васила ҳам барои чорво хӯрока захира менамоянду ҳам заминҳоро барои кишти такрорӣ омода месозанд. Хоҷагиҳое, ки заминҳоро омода кардаанд кишти такрорӣ гузаронида истодаанд. Хоҷагиҳое, ки масоҳати заминҳояшон кам аст аз асбобҳои дастӣ истифода мекунанд, ки ҳам хароҷот кам мешаваду ҳам маҳсулнокии корашон беҳтар мегардад.
Гурӯҳҳои корӣ таваҷҷуҳи бештарро ба истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ равона намуданд, зеро аксари сокинони ҷамоат дорои заминҳои масоҳаташон васеъ мебошанд. Онҳо дар заминҳои наздиҳавлагӣ ҳама намуди зироатҳоро кишту парвариш кардаанд.
Имсол ҳосили хуби картошка ҷамъоварӣ намуда, дар кишти такрорӣ помидору бодиринг, қаламфур ва дигар сабзавот шинонидаанд.
Занони деҳот аз ҳама намуди маҳсулот барои ду соли оянда маводи хӯрока захира мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






