Дар Женева мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мудири Дафтари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо сафари корӣ дар Конфедератсияи Швейтсария қарор дорад. Дар доираи сафари корӣ Умед Бобозода 19 июл дар шаҳри Женева бо мудири Дафтари минтақавии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Афшин Хон мулоқот намуд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Афшин Хон бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки дар таърихи мавчудияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ин давлат ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ташриф оварда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо масъулини сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид вохӯриву суҳбатҳои мутақобилан судманд анҷом медиҳад.
Умед Бобозода зимни мулоқот аз ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ёдовар шуда, иброз намуд, ки риоя, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакон ва наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷонибҳо инчунин доир ба масоили зӯроварӣ дар оила, содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва нисбат ба ноболиғон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони осебпазир ва аз ҷумла, кӯдакони маъюб табодули афкор намуданд.
Дар охир хонум Афшин Хон омодагии худро ҷиҳати минбаъд низ тақвият додани ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ








Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид
Филми «Пешво аз қалби мардум» дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо намуд
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Як зумра кормандони гуногункасб, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд
Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд






