Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ду бозии санҷишии дӯстонаро дар Узбекистон мусовӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Узбекистон бозии дуюми дӯстонаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Локомотив»-и Тошканд баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пеш «Истиқлол» бо дастаи «Навбаҳор»-и Намангон бозӣ карда буд. Вохӯрӣ миёни ин дастаҳо, ки дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба анҷом раcида буд. Голҳоро дар ҳайати дастаҳо Диёр Турапов («Навбаҳор») дар дақиқаи 27-ум ва Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-ум («Истиқлол») аз зарбаи пеналтӣ ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати дастаи «Локомотив»-и Тошканд футболбози тоҷик Манучеҳр Сафаров бозӣ мекунад, ки чанд рӯз пеш ба ин ҳайат шомил шуд.
Футболбозони «Истиқлол» 29 июли соли равон бозии сеюми дӯстонаи худро бо дастаи футболи «Андиҷон»-и Андиҷон анҷом медиҳанд.
Акс: ФФТ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






