Директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода: Татбиқи Барномаи рушди соҳаи ҷангал дар Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим муфид аст

Июль 27, 2022 16:20

ДУШАНБЕ, 27.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Нақшаи чорабиниҳо аз 15 бобу 52 банд иборат буда, самтҳои асосии рушди соҳаи ҷангалро дар панҷ соли оянда дар бар мегирад. Дар ин бора Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бо амалӣ гардидани барномаи  мазкур бисёр мушкилоти соҳа ҳалли худро ёфта, ҷангал дар пешрафти мамлакат, таъмини бехатарии озуқаворӣ, кам кардани таъсири гармшавии саросарӣ, захира ва кам кардани  газҳои гулхонаӣ, сарсабзу  хуррамгардонӣ ва ободонии кишвар, инчунин дарёфти ҷойҳои нави кор мусоидат мекунад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026»  нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату  маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт,  баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон  бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ  бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи кишвар мебошад.


Тазаккур дода шуд, ки яке аз мақсадҳои дигари барномаи мазкур ин зиёд намудани масоҳат, нигоҳдории гуногунии биологӣ, нигоҳдорӣ ва барқароркунии ҷангалҳо дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.

«Ҷангалзор барои ҳифзи муҳити зист ва аз чангу ғубор эмин нигоҳ доштани табиат саҳми калон дорад. Аз ин хотир агентӣ ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои  маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим  хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад ҳоло дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал кӯчату парвариши  ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст»,- гуфт Директори агентӣ.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои рушду равнақи соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ду маротиба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон- яке соли 1993 ва дигаре соли 2011 таҳия ва қабул гардида буд. Дар асоси он якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки танзими соҳаи ҷангалро дар бар мегиранд, қабул карда шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2022 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид