Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо Ширкати «Технологияи таълими Shangdon Daliangzao»-и Чин созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд

Июль 14, 2022 17:05

ДУШАНБЕ, 14.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати «Технологияи таълими Shangdon Daliangzao»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Мардумии  Чин таҳия ва тасвиб шуда, ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи бакалавриат аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ Донишгоҳ ба тариқи фосилавӣ ва онлайн дар назар дорад. Дар ин бора котиби матбуоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар маросими ба имзорасонии созишнома Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва намояндаи Ширкати «Технологияи таълими Shangdon Daliangzao»-и Ҷумҳурии Мардумии  Чин дар Тоҷикистон Мақсудҷон Қаҳҳоров ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки раёсати Донишгоҳ дар ояндаи наздик ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ  дар соҳаи таълим таҳсили фосилавии довталабони чиниро ҳамчунин дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (Phd) низ амалӣ хоҳад кард.

Таъкид гардид, ки довталабони хориҷӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, айни ҳол аз Ҷумҳурии Узбекистон 3960 нафар, аз Туркманистон 561 нафар, аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 6 нафар, аз Ҷумҳурии Қазоқистон 10 нафар, аз Ҷумҳурии Қирғизистон 1 нафар, дар маҷмӯъ 4538 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар Донишгоҳ таҳсил менамоянд.

Донишгоҳ бо чунин нишондод дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар мақоми аввал қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки довталабони хориҷӣ бештар ба ихтисосҳои омӯзгории равияи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, аз ҷумла ба ихтисосҳои химия, биология, математика ва физика таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Июль 14, 2022 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад