Ду зоири тоҷик дар Маккаи Арабистони Саудӣ вафот карданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар айёми будубоши зоирон дар Мино бинобар сабаби сактаи дил аз олам даргузаштанд. Маросими ҷанозаи ҳарду марҳум дар «Масҷид-ул-ҳаром» баргузор гардид. Ин хабарро ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим таъйид кард.
Номбурда аз қавли сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Турахон Шарифзода иттилоъ дод, ки зоирони фавтида сокини 62-солаи шаҳри Исфара Муҳаммад Расулов ва сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён Қизларгул Тоҷиева мебошанд.
Бино ба гуфтаи Турахон Шарифзода, миёни зоирони тоҷик ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар робита ба вазъи зоирини тоҷик ӯ тазаккур дод, ки бинобар гармии аз ҳад баланд, онҳо оби хунук зиёд истеъмол мекунанд ва гирифтори бемориҳои дарди гулӯ, зуком, дарди мушак ва фишорбаландӣ мегарданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, субҳи 20 июн, пас аз ду соли маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар гардид.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






