ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Дар шаш моҳи соли равон 20 ҳолати аз маҳсулоти хӯрока заҳролуд гардидани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд

Июль 19, 2022 17:04

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар айёми тамузи тобистон ҳолатҳои заҳролудшавӣ ва гирифтори бемориҳои сироятӣ гардидани сокинон бештар ба чашм мерасанд.  Оё чунин ҳолатҳо имсол низ ба қайд гирифта шудаанд? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода посух дод.

«Давоми шаш моҳи соли равон дар натиҷаи истеъмоли маводи озуқавории пастсифат ва муҳлаташон гузашта 20 ҳолати заҳролудшавӣ   ва ба бемории исҳоли хунин гирифтор шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта, нисбат ба  ин ҳолатҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд», — зикр намуд ӯ.

Мавсуф илова кард, ки дар тамоми бозорҳои истеъмолии мамлакат 65 озмоишгоҳи Кумита фаъолият намуда, ҳамарӯза гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва дигар анвои хӯроквориро аз санҷиш мегузаронанд ва сипас барои фурӯши он иҷозат дода мешавад.

Муҳаммадсаид Файзуллозода иброз дошт, ки дар ин давра 412 ҳазору 197 сар чорвои калон ва хурди шохдор мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Бинобар гузаронидани чораҳои зарурӣ забҳи 487 сар чорвои мубталои бемориҳои брутселлёз ва дигар касалиҳои сироятӣ пешгирӣ карда шуд.

Дар ҷараёни нишаст зикр  гардид ки дар нимсолаи аввал 27 661 кг маҳсулоти гӯштӣ, 6 380 кг  маҳсулоти ширӣ, 846 литр равғани растанӣ, 17 017 дона тухми паранда, 513 кг моҳӣ, 345 кг асал, 2 151 кг маҳсулоти намакин, 3 181 кг меваи хушк, 56 604 кг меваю сабзавот ва 4 707  кг маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва ба саломатӣ хавфнок муайян ва аз фурӯш боздошта, нобуд карда шуданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2022 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд