Фарангис Шарифзода — аввалин зане, ки директори Институти забон ва адабиёт таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додаем, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли равон Шарифзода Фарангис Худоӣ ба ҷойи Шарифзода Боймурод Бобопур директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Фарангис Шарифзода Худоӣ (Шарипова Фарангис Худоиевна) 10-уми октябри 1970 дар хонаводаи олими намоёни тоҷик, профессор Худоӣ Шарифзода таваллуд шудааст. Омӯзгор, забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор аст.
Фарангис Шарипова хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992) ва аспирантураи ҳамин донишгоҳ (2001) аст. Аз соли 2001 устоди кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз феврали соли 2006 сардори департаменти забони англисии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ, аз сентябри соли 2006 сардори департаменти филологияи тоҷик ва журналистикаи ҳамин донишгоҳ, аз августи соли 2007 проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, аз октябри соли 2009 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз соли 2010 докторанти кафедраи мазкур буд ва айни замон профессори ҳамин кафедра аст.
Мавсуф муаллифи мақолаҳои илмӣ ва оммавии бешумор аст, ки дар китобу маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд.
Осори илмиаш: «Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ (Душанбе: Ирфон, 2011.- 140 с.), Муқаддима ва баргардони китоби «Забони паҳлавӣ» (Душанбе, 2011.- 140 с.), “Назарияи сохтори ҷумла” (Душанбе, 2013.- 220 с.) ва ғайра.
Шарифзода аввалин занест, ки дар таърихи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ директории ин муасасисаи илмию тадқиқотӣ таъйин шуд. Институти мазкур соли 1932 таъсис ёфта, олимони номваре чун Муллоҷон Фозилов, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Абдуқодир Маниёзов, Додихудо Саймиддинов, Сайфиддин Назарзода, Акбари Турсон, Носирҷон Салимӣ сарвари он буданд. То Фарангис Шарифзода дар ин вазифа Боймурод Шарифзода фаъолият дошт, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 13 июли соли равон бинобюар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод карда шуд.
АКС аз манобеи боз








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






