ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дар варзишгоҳҳои мамлакатамон хеле ҷолиб баргузор гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин давр дастаи футболи «Барқчӣ» охирин бозии таъхиргузоштаи худро муқобили дастаи «Сарҳадчӣ» бо ҳисоби 3:0 бо пирӯзӣ паси сар кард, вале дар бозии асосии давр бо дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон бо ҳисоби калони 5:2 мағлуб гардид.
Дастаи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи бебохтҳои худро идома медиҳад ва дар даври охирин дастаи мазкур тими футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод ва бо ин тартиб ҳамчун лидери ҷадвал бо 29 имтиёз боқӣ монд.
Дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар қатори дастаи «Куктош» ҳамчун дастаи ғолиб барои ба садри ҷадвал баромадан талоши беандоза мекунад ва бозии охиринро бо дастаи футболи «Панҷшер» бо муваффақият паси сар намуд. Дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби «1:0» дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шикаст дод ва дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа боқӣ монд.
Мавриди зикр аст, ки бозиҳои дигари даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ба таври зайл сурат гирифтанд.
Акс: ФФТ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






