Футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти арзишиашро дар дастаи «Зуб Оҳан»-и Эрон идома медиҳад

Июль 7, 2022 15:19

ДУШАНБЕ, 07.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе, ки дар ҳайати дастаи футболи «Навбаҳор»-и Узбекистон бозӣ мекард, фаъолияташро дар ҳайати дастаи футболи «Зуб Оҳан»-и Исфаҳони Эрон идома медиҳад. Номбурда 6 июли соли равон тарки дастаи «Навбаҳор»-и Узбекистон намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Зуб Оҳан»-и Эрон мавсими гузашта дар Лигаи бартари Эрон бо ишғоли зинаи 8-ум мусобиқаро ҷамъбаст намуда буд.

Дастаи «Навбаҳор» бошад, баъди 13 даври рақобатҳо дар Суперлигаи Узбекистон садрнишин аст.

Ёдовар мешавем, ки Эҳсони Панҷшанбе 3-юмин футболбози тоҷик хоҳад шуд, ки дар Чемпионати Эрон бозӣ мекунад.

Акс: ФФТ

Июль 7, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд