Хадамоти алоқа: «Шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ ба 4,2 миллион нафар расидааст»
ДУШАНБЕ, 13.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2022 суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония баробар аст. Дар ин давра шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ба 4,2 миллион нафар расид, ки ин 42% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ба намояндагони ВАО хабар дод.
«Дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ нақшаи корӣ таъсис дод, ки дар асоси он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суръат ва сифати интернет баланд гардонида шуд. Аз ҷумла, аз тарафи ҶДММ Babilon-Mobaile 278 истгоҳҳои базавии замонавии 4G харидорӣ шуд, ки ин имкон дод, то сатҳу сифати интернет дар ҷумҳурӣ беҳтар гардад»,- илова кард Илҳомҷон Атоев.
Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки ташаккули «ҳукумати электронӣ» дар вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, 50 вазорату идораҳо ба шабакаи мазкур ворид шудаанд. Барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
«Барқарорсозии «ҳукумати электронӣ» ба таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона гардидааст», — тазаккур дод ӯ.
Хотиррасон мешавем, ки Консепсияи ташаккули «ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011 қабул гардид. Тибқи он дар ҷумҳурӣ Регистри ягонаи электронии иттилоотӣ оид ба ҷараёни додани литсензия ва иҷозатномаҳо барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ бо номи (суроғаи) ijozat.tj, инчунин ҷиҳати нашри хабару маълумотҳо дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизматрасониҳои онҳо портали «ҳукумати электронӣ» бо номи (суроғаи) hukumat.tj/glav/taj таъсис дода шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






