Хадамоти алоқа: «Шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ ба 4,2 миллион нафар расидааст»

Июль 13, 2022 14:06

ДУШАНБЕ, 13.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2022  суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония баробар аст.  Дар ин давра шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ба 4,2 миллион нафар расид, ки ин 42% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ба намояндагони ВАО хабар дод.

«Дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ нақшаи корӣ таъсис дод, ки дар асоси он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суръат ва сифати интернет баланд гардонида шуд. Аз ҷумла, аз тарафи ҶДММ Babilon-Mobaile 278 истгоҳҳои базавии замонавии 4G харидорӣ шуд, ки ин имкон дод, то сатҳу сифати интернет дар ҷумҳурӣ  беҳтар гардад»,- илова кард Илҳомҷон Атоев.

Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки  ташаккули «ҳукумати электронӣ» дар  вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, 50 вазорату идораҳо ба шабакаи мазкур   ворид шудаанд. Барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

«Барқарорсозии «ҳукумати электронӣ» ба таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона гардидааст», — тазаккур дод ӯ.

Хотиррасон мешавем, ки Консепсияи ташаккули «ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2011 қабул гардид. Тибқи он дар ҷумҳурӣ Регистри ягонаи электронии иттилоотӣ оид ба ҷараёни додани литсензия ва иҷозатномаҳо барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ бо номи (суроғаи) ijozat.tj,  инчунин ҷиҳати нашри хабару маълумотҳо дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизматрасониҳои онҳо портали «ҳукумати электронӣ» бо номи (суроғаи) hukumat.tj/glav/taj таъсис дода шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2022 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт