Имконияти содироти маҳсулоти ватанӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат баррасӣ гардид

Июль 22, 2022 10:08

ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ  «Ховар»/. 20-21 июл Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар оид ба имконоти содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи мамлакат ва ҷалби сармоягузорӣ тариқи маҷозӣ мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот.   

Дар мулоқот роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба натиҷаҳои нишондиҳандаҳои асосии ҳаҷми содирот, гардиши савдои хориҷӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2022, муаррифии маҳсулоти ватанӣ, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар ибрози назар намуданд.

Директори Агентии содирот Шавкат Бобозода зикр намуд, ки «баргузории чунин мулоқот бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ саривақтӣ буда, масъалаҳои ташкили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дастгирии бахшҳои содиротии иқтисоди миллии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд».

Дар мулоқот ҳамчунин имконияти содироти маҳсулоти ватанӣ, самтҳои асосии фаъолияти Агентии содирот, аз ҷумла мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва ҷалби харидорони хориҷӣ муаррифӣ гардид.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2022 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад