Имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 21, 2022 08:13

ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Тоҷиксуғурта», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе оид ба  ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон баргузор мешавад.

КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21, ошёнаи 2) доир менамояд.

Агентии «Тоҷикстандарт» соати 11:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ барпо менамояд.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ соати 09:00 ва Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории  нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

Июль 21, 2022 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт