Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 июл Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ нишасти матбуотиро соати 08:30 дар Кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3, собиқ бинои Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи ҶТ) доир менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 09:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир мешавад.
Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Маркази тадқиқоти стратегӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 89) баргузор менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






