Имрӯз вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 июл Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Нишасти матбуотии Вазорати молия соати 09:00 дар Вазорати молия баргузор мешавад.
Бонки миллӣ нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Бонки миллӣ (Рӯдакӣ 23/2, рӯ ба рӯи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) доир менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 дар Агентии мазкур доир мешавад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 14:00 дар вазорати мазкур нишасти матбуотиро барпо менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






