Имзои шаш санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон

Июль 5, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории ҳайати баландпояи мақомоти Узбекистон ба Тоҷикистон миёни Душанбеву Тошканд шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз ҷумла, мақомоти ду кишвар Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистонро имзо намуданд.

Инчунин Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон ва Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ ба имзо расонида шуд.

Ғайр аз ин Тоҷикистону Узбекистон протоколи ҳамкорӣ байни МД “Маркази таълими калонсонони Тоҷикистон” ва Мономаркази “Ишга марҳамат”-и шаҳри Тошканд ва Ёддошти тафоҳуми оид ба ҳамкорӣ миёни МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Курсҳои ҷумҳуриявии такмили ихтисосои кормандони мақомоти меҳнати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистонро ба имзо расиниданд.

Ду санади дигаре, ки миёни ҷонибҳо ба имзо расидааст — ин Протоколи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ байни Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент ва Маркази омӯзиши касбии шаҳрвандони бекори шаҳри Самарқанд ва Протоколи ҳамкорӣ миёни Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент ва Саридораи шуғли вилояти Самарқанд мебошад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд