ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Мастчоҳ 8966 тонна зироатҳои ғалладонагӣ истеҳсол гардидаанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 8966 тонна зироатҳои ғалладонагӣ, 3165,6 тонна картошка, 5054 тонна сабзавот, 10841 тонна маҳсулоти полезӣ ва 856,4 тонна мева истеҳсол гардидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 22 июл бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида ва гузаронидани кишти такрорӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти пурсамар ба роҳ мондаанд. Дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия барои ҳосили соли равон дар майдони 23 121 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 2733 гектарро зироатҳои ғалладонагӣ, 12 582 гектарро пахта, 1773 гектарро зироати равғандор, 101 гектарро картошка, 172 гектарро сабзавот, 1695 гектарро полезӣ ва 4065 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳанд.
Барои таъмини заминҳои кишоварзӣ бо обӣ полезӣ дар ноҳия 56 адад дастгоҳҳои обкашӣ фаъолият мекунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






