ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Мастчоҳ 8966 тонна зироатҳои ғалладонагӣ истеҳсол гардидаанд

Июль 23, 2022 10:45

ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон  аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 8966 тонна зироатҳои ғалладонагӣ, 3165,6 тонна картошка, 5054 тонна сабзавот, 10841 тонна маҳсулоти полезӣ ва 856,4 тонна мева истеҳсол гардидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 22 июл бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида ва гузаронидани кишти такрорӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти пурсамар ба роҳ мондаанд. Дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия барои ҳосили соли равон дар майдони 23 121 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 2733 гектарро зироатҳои ғалладонагӣ, 12 582 гектарро пахта, 1773 гектарро зироати равғандор, 101 гектарро картошка, 172 гектарро сабзавот, 1695 гектарро полезӣ ва 4065 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳанд.

Барои таъмини заминҳои кишоварзӣ бо обӣ полезӣ дар ноҳия 56 адад дастгоҳҳои обкашӣ фаъолият мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 23, 2022 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст