ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар қитъаи наздиҳавлигиаш 11 намуд маҳсулоти кишоварзӣ парвариш намудааст

Июль 19, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Ниёзмад Ҷомадов дар замини наздиҳавлигиаш, ки 6 садякро ташкил медиҳад, 11 намуд маҳсулоти кишоварзӣ, чун лӯбиёдонагиҳо, сирпиёз, каду, картошка, пиёз, бодиринг, помидор ва ғайра парвариш менамояд. Инчунин ӯ 4 навъи дарахтони мевадиҳанда- гелос, зардолу, себ, нок низ парвариш кардааст, ки имсол ҳосили хуб ба бор оварданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 17 июл раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ аз заминҳои наздиҳавлигии Ниёзмад Ҷомадов, ки қитъаи заминашро самаранок истифода мебарад, боздид намуд. Писари Ниёзмад Ҷомадов низ дар замини наздиҳавлигиаш, ки 4 садякро ташкил медиҳад, боғи интенсивии себ бунёд кардааст ва он имсол ҳосили хуб ба бор овард.

Дар ҷараёни сафар раиси вилояти Хатлон аз боғи интенсивии себи «Боғи Шамс», ки дар шоҳроҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мавқеъ дорад, дидан намуд.

Боғи мазкур дар масоҳати 1 гектару 40 садяк давоми 3 сол бунёд шуда, имсол дарахтони он дар ҳолати нашъунамои хуб қарор доранд.

Дар ноҳияи мазкур сохтмони бинои Кумитаи идораи замин ва Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ҷараён дорад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён ва масъулини соҳа барои босифат ва дар вақти муайяншуда ба истифода додани иншооти бунёдшаванда дастуру тавсияҳои муфид дод.

АКС: шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Июль 19, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад