Кишоварзони Ҳисор дар майдони 176 гектар кишти такрории картошка мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 17.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар заминҳои холишуда мувофиқи дурнамо дар майдони 176 гектар кишти такрории картошка мегузаронанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Кишоварзони хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти «Сомон» ва «Дурбат» аллакай ба кишти такрории картошка оғоз намуда, дар рӯзи аввал ҳар кадоме дар майдони 1,5 гектарӣ картошка кишт карданд. Бо каме паст фаромадани гармӣ корҳо дар ин самт вусъат меёбанд ва умед аст, кишоварзон бо истифода аз тухмии хушсифат ва бо коркарди агротехникии саривақтӣ ҳосили дилхоҳ рӯёнида, дар таъмини Барномаи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузоранд.
Хоҷагидорон хуб дарк кардаанд, ки кишти такрорӣ омили асосии рушди кишоварзӣ маҳсуб ёфта, ба ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва паст гардидани нархи он дар бозорҳо мусоидат менамояд.
Тибқи нақш, соли равон дар шаҳри Ҳисор дар майдони 2000 гектар заминҳои обӣ кишти такрорӣ гузаронида мешавад.
То имрӯз кишоварзон дар майдони беш аз 1800 гектар кишти такрории зироатҳо, аз қабили ҷуворимаккаи дон, ҷуворимакка барои силос, шолӣ, лӯбиёгиҳо, офтобпараст, сабзавот ва полезиро гузарониданд, ки наздик ба 92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд






