Корхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи қариб 2 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 1 млрд 988 миллиону 831,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 1 млрд 988 миллиону 831,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ 138,8 фоизро ташкил дод, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода.
Дар ин давра 12 корхонаи саноатии нав ва хатҳои иловагии хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуда, 163 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин соли 2022 дар ноҳия таъсиси 15 корхонаи хурду миёна пешбинӣ шудааст.
Дар нишаст зикр шуд, ки бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ соли равон тибқи дурнамо дар майдони 27027 гектар, ки аз он 22949 гектар дар заминҳои обӣ мебошад, кишти зироат гузаронида шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






