Кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотиро пайваста мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор медиҳанд

Июль 28, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 28.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини амнияти  иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи  рушди мамлакат ва ташаккули  низоми миллии баҳогузории индикативии  амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки  соли равон аз ҷониби кормандони Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор гирифт, иттилоъ дод директори Марказ Хайриддин Усмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Ба зикри ӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ 199 гузориши таҳлилӣ,  иттилоотию таҳлилиро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод намуданд, ки онҳо ба омӯзиши масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии  ҷумҳурӣ равона шуда буданд.

 «Маркази тадқиқоти стратегӣ дар айни замон  бо марказҳои таҳлилии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон   ва марказҳои  стратегии Узбекистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст», — гуфт Хайриддин Усмонзода.

Инчунин Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони  Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек буда, дар доираи ин дар шаш моҳи соли равон Конфронси илмию  амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои таъсирпазирӣ», семинар дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ», семинари маҷозӣ дар мавзӯи «Миллати ҳушманд: стратегияу имконият ва идоракунии амнияти кибернетикӣ», ҳамоишҳо доир ба «Раванди ташаккули «буҳрони Афғонистон» ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон»,  «Ҳукумати  «Толибон» ва тағйири геополитикаи Осиёи Марказӣ», «Такмили истеҳсолоти саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки зимни онҳо масъалаҳои муҳим  мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.

Дар робита ба Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид, ки пас аз гузашти расмиёти давлатӣ ба тасвиб расидани он дар назар аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст