Кормандони милитсияи пойтахт соҳиби китобхона ва синфхонаи забономӯзӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе китобхона ва синфхонаи забономӯзӣ (лингвистӣ) ба истифода дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар асоси дастури Вазири корҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсияи пойтахт китобхона ва синфхонаи мазкур ба истифода дода шуд, ки зимни ифтитоҳи он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода ширкат намуд.
Зикр карда шуд, ки пайваста савияи малакаи касбӣ ва дониши кормандони мақомоти милитсия бо баргузории озмунҳои китобхонӣ тақвият дода мешавад.
«Ифтитоҳи китобхона метавонад ба омӯзишу аз бар намоии илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, ки яке аз тавсияҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба шумор мераванд, мусоидат намояд», -иброз дошт Бароталӣ Ҳомидзода.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар китобхона зиёда аз 2 ҳазор адабиётҳои гуногуни илмиву соҳавӣ ва бадеӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Махсусан дар як гӯшаи китобхона китобҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгир карда шудаанд, ки кормандони милитсияи пойтахт бо мутолиаи онҳо мактаби мардонагиву ҷасурӣ, сулҳофариву сиёсатмадорӣ ва идораи давлатдориро меомӯзанд.
Тазаккур дода шуд, ки минбаъд бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва забондонии кормандони милитсияи пойтахт, байни кормандони милитсия озмунҳои китобхонӣ ва забономӯзӣ доир карда мешаванд.
АКС: РВКД дар шаҳри Душанбе








«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид






