Кормандони милитсияи пойтахт соҳиби китобхона ва синфхонаи забономӯзӣ гардиданд

Июль 4, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе китобхона ва синфхонаи забономӯзӣ (лингвистӣ) ба истифода дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар асоси дастури Вазири корҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсияи пойтахт  китобхона ва синфхонаи мазкур ба истифода дода шуд, ки зимни ифтитоҳи он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода ширкат намуд.

Зикр карда шуд, ки пайваста савияи малакаи касбӣ ва дониши кормандони мақомоти милитсия бо баргузории озмунҳои китобхонӣ тақвият дода мешавад.

«Ифтитоҳи китобхона метавонад ба омӯзишу аз бар намоии илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, ки яке аз тавсияҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ба шумор мераванд, мусоидат намояд»,  -иброз дошт Бароталӣ Ҳомидзода.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар китобхона зиёда аз 2 ҳазор адабиётҳои гуногуни илмиву соҳавӣ ва бадеӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Махсусан дар як гӯшаи китобхона китобҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгир карда шудаанд, ки кормандони милитсияи пойтахт бо мутолиаи онҳо мактаби мардонагиву ҷасурӣ, сулҳофариву сиёсатмадорӣ ва идораи давлатдориро меомӯзанд.

Тазаккур дода шуд, ки  минбаъд бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва забондонии кормандони милитсияи пойтахт, байни кормандони милитсия озмунҳои китобхонӣ ва забономӯзӣ доир карда мешаванд.

АКС: РВКД дар шаҳри Душанбе

Июль 4, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид