Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ: дар нимсолаи аввал 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд

Июль 20, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи палатаи болоии Парлумон аз вазъи харидуфурӯши ғайриқонунии замин дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, ба Прокуратураи генералии мамлакат супориш доданд, ки санҷишҳои прокурориро дар ин самт пурзӯр намояд. Дар се моҳе, ки баъди он иҷлосия сипарӣ шуд, вазъ то куҷо тағйир ёфт?

Ба ин суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА имрӯз дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф ХОҶАЗОДА посух дод.

Ориф Хоҷазода гуфт, ки оид ба рафъи камбудиҳое, ки дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат зикр гардиданд, андешидани тадбирҳо якҷоя бо мақомоти прокуратура идома доранд.

«Дар маҷмуъ дар дар шаш моҳи соли равон аз  ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршуда 6364 дастур дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 323 ҳолат зиёд мебошад»,- изҳор дошт Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ.

Бино ба суханони роҳбари Кумитаи давлатӣ, ҳамзамон нисбат ба 6148 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 065 644 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд, ки аз ин 2 330 799 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардид.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли равон шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 193 950 ададро ташкил дод. Аз ин шумора 71028 адад дар вилояти Суғд, 71325 адад дар вилояти Хатлон, 16495 адад дар ВМБК ва 35102 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.  Шумораи хоҷагиҳои дехқоние, ки давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ташкил гардидаанд, ҳамагӣ 2689 ададро ташкил медиҳад.

То таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 24 бинои нави маъмурӣ асосан дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон ба нақша гирифта шудааст, ки барои беҳтар намудани шароити корӣ имконияти мусоид фароҳам меоваранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёди «Комбинати металлургии Тоҷик» рамзи иқтидори рӯзафзуни иқтисодии мамлакат аст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкоронро ба сармоягузорӣ дар истеҳсолот ва коркарди ашёи хоми ватанӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: ««Барномаи рушди металлургияи сиёҳ барои солҳои 2027–2035» таҳия карда шавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон бояд аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёбад»
Талаботи Тоҷикистон ба филизоти сиёҳ то соли 2035 ба беш аз 2,3 миллион тонна мерасад
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургияи сиёҳ сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон аст»
Дар шаш моҳи соли равон 691,1 миллион дона тухм ва 21,1 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҷмааи металлургии Тоҷикистон даҳҳо корхона ва ҳазорон ҷойи нави кор таъсис медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Рушди металлургия яке аз афзалияти сиёсати саноатии давлат аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон нахустин маҷмааи мукаммали металлургияи сиёҳ бунёд мегардад»
Дар Тоҷикистон суръати интернети мобилӣ панҷ баробар афзоиш ёфтааст