Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ: дар нимсолаи аввал 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи палатаи болоии Парлумон аз вазъи харидуфурӯши ғайриқонунии замин дар кишвар изҳори нигаронӣ намуда, ба Прокуратураи генералии мамлакат супориш доданд, ки санҷишҳои прокурориро дар ин самт пурзӯр намояд. Дар се моҳе, ки баъди он иҷлосия сипарӣ шуд, вазъ то куҷо тағйир ёфт?
Ба ин суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА имрӯз дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф ХОҶАЗОДА посух дод.
Ориф Хоҷазода гуфт, ки оид ба рафъи камбудиҳое, ки дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат зикр гардиданд, андешидани тадбирҳо якҷоя бо мақомоти прокуратура идома доранд.
«Дар маҷмуъ дар дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршуда 6364 дастур дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 323 ҳолат зиёд мебошад»,- изҳор дошт Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ.
Бино ба суханони роҳбари Кумитаи давлатӣ, ҳамзамон нисбат ба 6148 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 065 644 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд, ки аз ин 2 330 799 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардид.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли равон шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 193 950 ададро ташкил дод. Аз ин шумора 71028 адад дар вилояти Суғд, 71325 адад дар вилояти Хатлон, 16495 адад дар ВМБК ва 35102 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Шумораи хоҷагиҳои дехқоние, ки давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ташкил гардидаанд, ҳамагӣ 2689 ададро ташкил медиҳад.
То таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 24 бинои нави маъмурӣ асосан дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон ба нақша гирифта шудааст, ки барои беҳтар намудани шароити корӣ имконияти мусоид фароҳам меоваранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






