«ЛАҲЗАИ ТАБИАТ». Ҳайати Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ дар мубоҳисаи сатҳи баланд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат Баҳодур Шерилизода дар Мубоҳисаи сатҳи баланд зери унвони «Лаҳзаи табиат», ки 19 июл дар қароргоҳи СММ бо ташаббуси Раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид дар мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист аз таҳдидҳо ва чолишҳои имрӯза доир гардид, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистон ба ҳайси панелист дар сегменти аввали мубоҳиса таҳти унвони «Коркарди вокунишҳои ҳамоҳангшудаи низоми муштарак дар мубориза бар зидди чолишҳои ҷаҳонӣ» суханронӣ ва се таҳдиди умдаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, аз даст додани биогуногунӣ ва ифлосшавии муҳити зистро зикр кард.
Баҳодур Шерилизода зимни суханронӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи кишвар дар ин маврид гуфт.
Инчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аҳаммияти ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид кард.
Мавриди зикр аст, ки дар Мубоҳисаи сатҳи баланд Раиси иҷлоси 76-уми МУ СММ А.Шоҳид, Дабири кулли СММ А. Гутерриш ва Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ К. Келапиле иштирок ва суханронӣ карда, аҳаммияти баргузории ҳамоиши мазкурро дар мубориза ба таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ намуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






