Маркази миллии тестӣ барои беш аз 22 ҳазор нафар довталабон озмуни тақсимоти такрорӣ доир мекунад
ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рӯи баллҳои ба дастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022 холӣ мондаанд, дар якчанд нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад. Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад, дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
Довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.
Тавре котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар даври асосии озмуни тақсимот 57 ҳазору 988 нафар довталабон ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои мамлакатро аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон (аз ҷумла синфҳои 9 ва 11) пайдо намуданд.
«Соли равон ба Марказ беш аз 96 ҳазор довталаб, яъне (82 ҳазору 718 нафар хатмкардаи синфи 11 ва 13 ҳазору 303 хатмкардаи синфи 9) ҳуҷҷат супориданд, ки аз ин шумора дар имтиҳонҳо 80 ҳазору 942 хатмкунандагон иштирок намуданд. 22 ҳазору 470 довталабе, ки аз озмун нагузаштаанд, имкон доранд аз 12 то 15 август дар даври озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоянд»,- гуфт Замира Абдусаломзода.
Мавсуф зикр намуд, ки Марказ баъд аз даври озмуни тақсимоти такрорӣ шумораи пурраи довталабони ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохилшударо дар соли 2022 нашр менамояд. Соли 2021 тавассути ММТ қариб 70 000 довталабон ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






